22 августи соли 2017 табибони Маркази махсуси ҷумҳуриявии сил ва қафаси сина ва Академияи тиббии шаҳри Тошканд, ҳамчунин намояндагони дигар муассисаҳои зиддисилӣ барои табодули таҷриба ба маркази таҷрибавии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд. Ин сафари омӯзишӣ чор рӯзро дар бар мегирад.

Ин бори нахуст аст, ки бо дастгирии USAID табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи силшиносии Тоҷикистон ва Ўзбекистон сурат мегирад. Мутахассисони Ўзбекистон бо усулҳои нави илми тиб шинос гардида, табодули иттилоот оид ба ҳамгироии омӯзишҳо дар соҳаи сил ва барномаҳои муассисаҳои тиббӣ доштанд. Ташрифи мутахассисон аз чорабиниҳое мебошад, ки дар самти табодули таҷриба, ки USAID дар доираи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бар зидди ин беморї дар тамоми Осиёи Миёнаро, ба роҳ мондааст.

Маркази таълимӣ-омӯзишӣ бо дастгирии USAID дар Тоҷикистон созмон дода шуд ва ба яке аз муассисаҳои пешқадам барои бозомӯзии ҳазорон корманди тиб ва донишҷӯён роҷеъ ба усулҳои нави пешгирӣ, ошкор намудан ва муолиҷаи сил бо усули ба бемор нигаронидашуда мутобиқи тавсияҳои охирини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, табдил ёфт.  Табибони Ўзбекистон ҳамчун устодони ояндаи роҳнамо дар маркази омӯзишӣ таҷрибаҳои пешрафта, ки дар назди Маркази махсуси ҷумҳуриявии бемориҳои сил ва шуш ва Академияи тиббии Тошканд бо дастгирии USAUD дар ҳоли ташкилшавӣ аст, фаолият хоҳанд кард.

USAID Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар коркарди барномаҳояшон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил, ҳамчунин, дар татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи сил байни аҳолӣ ва гуруҳҳои осебпазирро дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID дар мубориза бар зидди бемории сил коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистону Ўзбекистон ва пешгирӣ намудани шаклҳои мухталифи он бо усули устувор ва бо истифода аз дорувориҳо мебошад. Барномаи USAID доираи васеи масъалаҳои тиббиро аз қабили рушди захираҳои инсонӣ, рушди институсионалї дар низоми тиббӣ, беҳтарсозии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.

Добавить комментарий