Сайфулаева Дилором Қодировна, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зайнаббибӣ, худро ҳамчун корманди ваколатдори идораву сохторҳои гуногуни давлатӣ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум, барои ҷудо карда додани қитъаи замин маблағҳои гуногуни пулиро аз худ кардааст.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни баррасӣ ва омӯзиши аризаҳои шикоятии шаҳрвандон бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ӯро дастгир кардаанд.

Дилором Сайфуллоева бо роҳи фиребу макр аз шаҳрванд Шоева Нилуфар 18-ҳазор сомонӣ, аз Алимов Амиршоҳ 3200 доллари амрикоӣ, аз Одинаев Дилшод 500 доллар ва 2100 сомонӣ, аз шаҳрванд Файзов Некрӯз 3000 доллар ва аз шаҳрванд Шарифов Наврӯз 20 000 сомонӣ бо баҳонаи барояшон ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дуруст кардан, гирифтааст.

Чорабиниҳои тафтишотӣ муайян кардаанд, ки номбурда барои ба боварии шаҳрвандон даромадан онҳоро ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, ба кӯчаи Теппаҳои шарқӣ бурда заминҳои бекорхобидаро нишон дода, ваъда мекардааст, ки маҳз ҳамин қитъаи заминро ба онҳо ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва бо ин роҳ маблағҳои гуногуни пулии шаҳрвандонро аз худ кардааст.

Муайян карда шудааст, ки Сайфуллоева Дилором дар маҷмуъ дар содир кардани зиёда аз 50 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, зарари ӯ нафарони ба домаш афтода аз 10 ҳазор сомонӣ ва то ба 30 ҳазор сомонӣ мерасад, ки дар умум ба шаҳрвандон зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.

Номбурда барои рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷиноятии худ манзили истиқоматии шаҳрванд Бобохонова Миҷгона, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, чунин амалҳои ҷиноятиро маҳз дар он ҷо иҷро мекардааст.

Аз манзили ба иҷора гирифтааш як қатор далелҳои шайъӣ, миқдори зиёди шиносномаҳои аслии шаҳрвандон ва қарору хабарномаҳои қалбакӣ сохташуда ва дигар асноди лозима дарёфту мусодира гардидаанд.

Айни замон гумонбаршуда Сайфуллоева Дилором дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки агар мавриди фиреби ин нафар зан қарор гирифтаанд, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тариқи телефони боварии 221-15-00 муроҷиат кунанд.

Добавить комментарий