25-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мушовараи вазорат «Дар бораи соати 8:00 оғоз намудани машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе» қабул гардид, ки дар асоси он минбаъд реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ шаҳри Душанбе дарсҳо соати 8:00 шурӯъ мегарданд.

Дар банди якуми қарор гуфта мешавад, ки бо назардошти камшавии тамбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе аз соати 8:00 оғоз карда шавад.

Ҳамчунин, тибқи банди дуюми он машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир монда шудааст.

Банди сеюми қарор директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанберо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ вазифадор кардааст, ки оғози машғулиятҳои басти якумро аз соати 8:00 оғоз намуда, раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи санадҳои меёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.

Добавить комментарий