Дар суд, ки пушти дарҳои баста дар бинои Боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе бо ҳузури муттаҳамон ва вакилони мудофеи онон баргузор шуд, намояндаи Прокуратураи генералӣ барои Ҳусейн Абдусамадов маҳкумият ба зиндони абадро дархост кард.

Иттиҳоми вай, фаъолият дар таркиби гурӯҳи терроистии ДИИШ, ҷазби нерӯ ба сафҳои ин созмон, ширкат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон, қатли ваҳшиёнаи афрод ва ду маврид террор гуфта мешавад.

Абдусамадов ширкат дар куштори чор гардишгари дучархасавори хориҷиро дар рӯзи 29-уми июли имсол дар ноҳияи Данғара пазируфта, аммо ибрози пушамонӣ накардааст.

Вай қаблан гуфта буд, ки ин корро барои интиқом аз кишварҳои хориҷӣ, ки алайҳи гурӯҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ вориди ҷанг шудаанд, анҷом додааст. 

Ҳусейн Абдусамадов, саркарда ва як тан зинда боздоштшудаи гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара аст.  Дигар аъзои ин гурӯҳ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.

Добавить комментарий