Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар Сулаймон Давлатзода аз намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостааст, то назарашонро вобаста ба тартиби дафни ашхоси аз коронавирус фавтидаро дар Тоҷикистон дигар кунанд ва тавсияҳояшонро пешниҳод созанд. То кунун ҷасади нафарони фавтида аз ин вирус ба наздиконашон дода намешавад ва дар шароити сахти амниятӣ дафн карда мешаванд.

Давлатзода чунин тақозоро аз намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Патрик О Конор ва Олег Стороженка имрӯз, 13-уми май, дар як мулоқот, дар бинои Кумита кардааст.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқим гуфт, Давлатзода талаботи фарҳангию мазҳабии мардуми тоҷикро зимни дафни майит ба намояндагони СҶТ шарҳ додааст.

Давлатзода гуфтааст, ки бояд дар ҷараёни шустан ва дафни майит ба қадри имкон талаботи фарҳангию мазҳабӣ ба эътибор гирифта шавад. “Бо риояи ҳамаи талаботи гигиенӣ дидани рӯи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздикаш миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос мебошад”.

Ҳамчунин, раиси Кумита бо ишора ба он ки теъдоде аз ҳамватанони мо дар шароити хона табобат мегиранду эҳтимоли фавт низ вуҷуд дорад, хостори тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба тартиби дафни майит дар шароити хона гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, намояндагони СҶТ пешниҳодоти раиси Кумита Сулаймон Давлатзодаро муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки рӯзҳои наздик намояндагони Созмон дар доираи ҳисоботе тавсияҳои худро вобаста ба масоили зикршуда баён хоҳанд дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here