Адвокати маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова, дар сини 55-солагӣ, ,ар асари як бемории кӯтоҳ, аз олам даргузашт.

«РО» аз қавли келини Файзинисо Воҳидова адвокат Таҳмина Раҳимова хабар дод, ки имрӯз, 4-уми январ вакили дифои маъруф соати 2 дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшидааст.

Ин нафари наздик ба Файзинисо Воҳидова гуфтааст, ки ӯ чанд вақти охир аз бемории шамолхӯрдагӣ ё пневмония ранҷ мебурдааст ва бинобар ҳамин, дар бемористон бистарӣ шуда будааст. Воҳидова дар бахши эҳёи беморхона табобат мегирифтааст ва шаби гузашта ҳолаш бад гардидаасту табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

«Бо пои худашон рафта буданд, вале он ҷо якбора ҳолашон бад шуд ва ба шӯъбаи эҳё гузарониданд. 10 шабонарӯз боз он ҷо буданд, ҳамин шаб ҷон доданд», — гуфтааст Таҳмина Раҳимова ба «РО».

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи Воҳидоваро ба манзилаш, воқеъ дар шаҳри Гулистон оварда шуда, имрӯз соати 13 дар қабристони Гунбази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок месупоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here