7-уми май, дар Рӯзи радио, дили як нафар аз сарсупурдаҳои аслии Радиои Тоҷикистон аз задан бозмонд.

Дар хабар аст, ки Хайруллоҳи Иброҳим, беҳтарин ровии сӣ соли охири Радиои Тоҷикистон, аз бемории дил дунёро тарк гуфтааст. Хайруллоҳи Иброҳим саркоргардони Радиио Тоҷикистон буд, ки аксар гуфторҳои идораи барномаҳои адабӣ ва мусиқии радиоро мехонд.

Гуфта мешавад, Хайруллоҳи Иброҳим, ки пештар аз маризии қанд ранҷ мекашид, аз бемории дил даргузаштааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги Хайруллоҳи Иброҳим  андуҳгин буда, ба пайвандону наздиконаш ҳамдардӣ изҳор мекунад. Равонаш шод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here