Субҳи имрӯз дили Фарҳоди Карим, як тан аз ноширони маъруфи тоҷик, дар Душанбе аз задан бозмонд. Фарҳоди Карим солҳои охир аз бемории дил ранҷ мекашид ва имрӯз дар баҳори 61-уми умр дунёи фониро падруд гуфт.

Ӯ чанд соли охир вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба ӯҳда дошт.

Фарҳоди Карим ҳамчун ношир ва мудири нашриёти давлатии «Адиб» кор карда, дар нашри асарҳои зиёди адибони классику муосир саҳмгузор буд. Худобиёмурз аз муқаррабони аксар шоирону нависандагони тоҷик буд ва дар нашру паҳн кардани асарҳои эшон ҳиссаи сазовори худро мегузошт.

Фарҳоди Карим 9 марти соли 1958 дар деҳаи Кулолии Панҷакент таваллуд шуда, соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1980-1981 муаллими мактаби миёнаи № 148 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), солҳои 1981-1990 муҳаррир ва баъдан, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, сипас, аз моҳи майи соли 1990 то соли 2016 муовин ва директори Муассисаи нашриявии «Адиб» буд.

Номбурда аз соли 2003 раиси Ассотсиатсияи ноширон, полиграфистон ва паҳнкунандагони китоби Тоҷикистон буд. Ҳамчунин Узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Дар баробари ин Фарҳоди Карим ҳамчун публитсисти чирадаст шинохта шудааст. Китобҳояш таҳти унвони «Фурӯғи сухан», «Олимақом», «Нашриёт, китоб, хонанда», «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (ҳамроҳи Усмонҷон Ғаффоров, 2012) ва «Чеҳраафрӯзи илму адаб» ба табъ расидааст.

Фарҳоди Карим барои хизматҳои шоён дар рушди фарҳангу адаби кишвар бо Ордени «Шараф», Ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Бунёди фарҳангии «Честь и мужество»-и ш. Санкт-Петербург, нишонҳои фахрии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Маросими ҷанозаи марҳум соати 8-и субҳи рӯзи 4-уми апрел дар зодгоҳаш — деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз ин талафот андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум таслият арз мекунад. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод.

Акс аз tajikistantimes.com

Добавить комментарий