Шаби гузашта санъати тоҷик талафоти бузург дод. Ҳунарманди маъруфи тоҷик Мушаррафа Қосимова, ки соҳибназарон аз ӯ ба унвони «модари театри тоҷик» ном мебаранд, шаби гузашта дар синни 100-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон даргузашт.

Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1917, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падари Мушаррафа Қосимова — Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон — Душанбе фиристоданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём ба Омӯзишгоҳи тиббии Тошкент дохил шуда, пас аз марги падар дар соли 1937 маҷбуран омӯзишгоҳро партофта, ба назди хоҳару додаронаш бармегардад. Орифҷон Расулӣ дар он соли сиёҳи 1937, ки террори Сталин ба нуқтаи авҷаш расида буд, ҳамчун «душмани халқ» ба қатл расонда шуд.

Барои таъмини оила Мушаррафа бо ёрии яке аз хешонашон адиби маъруф Ғанӣ Абдулло ба Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад.

Мушаррафа Қосимова бо драманависи тоҷик Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард. Аммо Абдулҳақ Усмонов соли 1942 дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ҷон бохт. Мушаррафа Қосимова соли 1946 ба ситораи машҳури театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов хонадор шуд ва исми хонаводагиашро ба Қосимова иваз кард. Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, беш аз 50 сол дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи ӯ дар синамо аз соли 1956 оғоз мегирад. М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишномаҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард ва доимо дар байни мардум буд. Тамоми умр, ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937—1983) ва аз соли 1989 — дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият намудааст..

Мушаррафа Қосимова бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Аз офаридаҳои ӯ: Латофат («Тӯй»-и С.Ғанӣ, 1958), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ, 1958), Занаки гӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода, 1962), Марианна («Қиссаи модар» дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ба саҳнагузоранда М.Қосимов, 1968), модар («Бе ватан»-и С.Сафаров, 1970), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А.Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А.Қаҳҳор, 1972), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ, 1973), Ойша-апа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч.Айтматов ва Қ.Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза («Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ, 1954, 1957, 1977), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ.Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М.Рабиев, 1978), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмадов, 1982). Дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯри дар дара», «Дарду алами Авғонистон», «Бачагии Насриддин» ва ғ. нақш бозидааст. Бо гузашти солҳо, ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтаанд. Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху шанг ба образҳои замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид.

Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»-и Султон Сафаров(соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор (соли 1972), Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1973) ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982) чун беҳтарин образҳои маишии саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.

Ҳар ҳунармандро новобаста аз такопӯи зиёд офаридани як нақш миёни мардум машҳур месозад. Нақши момодоя Мушаррафа Қосимоваро аз филми «Марди мутаалиқи ду зан» дар дилу дидаи мардум ҷой намуд. Ин аст, ки чеҳраи нӯронӣ, мӯйҳои сафеди ба пешона хамида ва қомати андаке хамшудааш пеши чашм ҳамеша ҷилвагар асту лафзи ширадораш чун зангулаи зиндагӣ аз абадияту муҳаббат ёдрас менамояд. Нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридааш низ аз ҳамин қабил образҳои ӯ ба шумор меравад.

Ӯ соҳиби ҷойизаҳои ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1974), ордени Шараф (1999), медалҳои «Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», «Барои меҳнати идокорона», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳамаи мардуми кишвар, алоқамандони театри тоҷик ва пайвандони марҳум ин талафотро таслият мегӯяд. Равони марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод.

Добавить комментарий