Субҳи имрӯз ҳамсари сиёсатмадори тоҷик, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз дунё рафт.

Ин хабар чанд лаҳза пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва далели марги Рузигул Каримова – ҳамсари шаҳрдори собиқи Душанбе маълум нест. Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Рузигул Каримова аз ҳамсарӣ се фарзанд – ду писару як духтар ба дунё овардаанд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми Рузигул Каримова – ҳамсари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андуҳгин буда, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ва фарзандонаш ин талафотро таслият мегӯяд. Хонаи охирати марҳум обод ва равонаш шод бод!

Добавить комментарий