Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ин теъдод дар айни ҳол ба 55 нафар расидааст, аммо дар ин бора тафсилоти бештар дода намешавад. Гуфта мешавад, ки як шаҳрванди ин кишвар зимни мулоқот бо нафаре, ки аз хориҷа баргаштааст, ба ин беморӣ сироят шудааст. Аз ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Русия баргаштаанд ва аз як нафари дигар, ки аз Туркия баргаштааст, вируси ин бемориро аниқ кардаанд.

Тибқи иттилои директори Агентии санитариву эпидемиологии Ӯзбекистон Баҳром Алматов  як сокини 20-солаи шаҳри Тошканд, бидуни он ки ба хориҷа сафар кунад ва бо ягон нафари аз хориҷа баргашта мулоқот анҷом диҳад, ба ин беморӣ сироят шудааст.

Ҳадс мезананд, ки ин хонуми ҷавон ё дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ягон нафари сироятшудаи коронавирус наздик шудааст, ё тавассути ягон зарф ё истифодаи ҷинсҳои дигари мавриди истифодаи ҷомъиятӣ ба вируси ин беморӣ сироят шудааст. Хушбахтона, ин вирус ба аъзои хонаводаи ӯ сироят нашудааст.

— Ин ҳодиса бори дигар аз ҳамаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёру зирак бошем, ҳангоми зарурати ба кӯча баромадан ҳатман ниқоб пӯшем, — гуфтааст Баҳром Алматов.

Дар ҳамин ҳол саҳни ҳавлиҳои иморатҳои бисёрошёна, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Тошканд аз воситаҳои нақлиёт ва одамон холист. Падару модарон низ намегузоранд, ки кӯдаконашон ба саҳни ҳавлиҳо бароянд.

Тавре Вазорати адлияи Ӯзбекистон мегӯяд, ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон танҳо тавассути почтаҳои электронӣ ва телефонҳо қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, шӯъбаҳои қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ низ танҳо барои навиштани шаҳодатномаҳои таваллуд ва фавт фаъоланд. Нотариусҳо низ танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонанд ба мизоҷон хизмат расонанд.

Дар ҳамин ҳол як мушкили ҷиддӣ пеш омадааст. Гуфта мешавад, афроде, ки дар шифохонаҳои шаҳри Тошканд муолиҷа мешуданд ва муддати муолиҷаашон тамом шудааст, имкони баргаштанро надоранд, зеро таксиҳои байнишаҳрие, ки бояд онҳоро интиқол диҳанд, иҷозаи вуруд ба шаҳри Тошкандро надоранд. Истгоҳҳои таксиҳои байнишаҳрӣ низ холиянд. Соҳибони таксиҳои байнишаҳрӣ аз ҷавоб додан ба занги телефонҳо худдорӣ меварзанд.

— Ҳоло ба мо иҷоза нест, ки тавассути ағбаи Қамчиқ аз водии Фарғона ба самти пойтахт — шаҳри Тошканд ҳаракат кунем. Дар гузаргоҳи вилояти Намангон, ки бо вилояти Тошканд ҳаммарз аст, ходимони идораҳои интизомӣ аз ин ҳаракати мо ҷилавгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо ҳар гуна ҳаракат ба ҷониби шаҳри Тошканд мамнуъ эълон шудааст ва дар сурати иҷозаи убури гузаргоҳе, ки онҳо истодаанд, дар постҳои дигар бешак мо ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳем шуд, — мегӯяд ба мухбири “Фараж” як ронандаи таксии байнишаҳрӣ.

Вай меафзояд, ки дар вилоятҳо низ назорат сахт ҷорӣ шудааст ва одамон бидуни зарурат ба кӯчаву бозорҳо намебароянд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here