Рӯзи 4-уми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Варзоб, хизматчии маъмури (администратори) яке аз истироҳатгоҳҳо, воқеъ дар ноҳия Варзоб, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шудааст.

Номбурда шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли равон, тахминан соати 00:30, истироҳатгоҳи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон, марди 48-сола ва зани 36-солаи сокинони шаҳри Душанбе, марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 700-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here