Илова бар он ки дар шаҳри Ваҳдат сохтмони як муассисаи ислоҳотӣ идома дорад, дар ноҳияи Рӯдакӣ низ як маҳбасхонаи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд карда мешавад.

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод имрӯз, 28-уми январ, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш бо хабарнигорон гуфт, мақсад аз сохтмони муассисаҳои ислоҳотии нав дар шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ на зиёд шудани шумораи зиндониён, балки баровардани маҳбасхонаи рақами 1 аз маркази шаҳри Душанбе мебошад.

— Феълан дар бунёди муассисаи ислоҳотӣ дар шаҳри Ваҳдат 50 миллион сомонӣ масраф шудааст. Дар назар аст, ки соли равон як қисме аз зиндониёнро аз муассисаи ислоҳотии маркази шаҳри Душанбе ба он ҷо кӯчонем. Вобаста ба бунёди маҳбасхона дар ноҳияи Рӯдакӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки алҳол корҳои лоиҳакашӣ идома доранд. Ҳоло маълум нест, ки муассисаи ислоҳотӣ бо кадом тарз бунёд мегардад ва муҳлати анҷоми он ҳам муайян нашудааст, — гуфт вазир.

Гуфта шуд, айни замон дар умум беш аз 12 ҳазор зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳотии зертобеи Вазорати адлияи кишвар нигоҳ дошта мешавад. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ қариб 10 муассисаи ислоҳотӣ мавҷуд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here