Дар парламенти Узбекистон пешниҳод шудааст, ки ба ҷойи калимаи «квартира» дар санадҳо ва қонунҳо «хонадон» навишта шавад.

Дар палатаи қонунбарори Олий Маҷлисии Узбекистон ҳангоми муҳокимаи қонун «Дар бораи идораи хонаҳои бисёрҳуҷрадор» як вакил аз ҳизби деморатики «Миллий тикланиш» гуфт, ки истифодаи вожаи «квартира» дар лоиҳаи ин қонун норавост.

«Бисёрквартира, яъне чӣ? Зери мафҳуми «бисёр» чанд хона, ё ҳуҷра дар назар дошта шудааст? Ба ғайр аз ин, дар варианти лоиҳа бо забони узбекӣ калимаи «квартира» мақсадро ифода намекунад. Наход дар забони бойи узбекӣ вожае набошад, ки «квартира»-ро иваз кунад?! Албатта, ҳаст. Ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки вожаи «хонадон» истифода шавад», — гуфтааст узви Ҳиби демократ Даврон Орипов.

«Хонадон» вожаи форсист ва баробари «квартира» нест, мегӯянд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, онҳое, ки вожаҷӯӣ шуғле барояшон шудааст. Умед Ҷайҳонӣ, аз гардонандагони вебгоҳи «Вожаҷӯ», ба чунин ақида аст, «набояд иҷоза дод, ки узбакҳо квартираро бо хонадон ҷойгузин кунанд, зеро дар Тоҷикистон ҳам касоне ёфт мешаванд, ки ин ғалатро такрор кунанд».

Ӯ баробари форсии «квартира»-ро  «кошона» гуфтааст ва «дом»-ро «хона»-ву «сохтмон» маънидод кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here