Дар маросими рӯкушоии пайкараи Ислом Каримов президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсари президенти якуми ин кишвар Татяна Каримова ширкат карданд.

Нимпайкараи президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов 31-уми август дар саҳни қароргоҳи Оқсарой дар Тошканд гузошта шуд. Дар маросими рӯнамоии он президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамсари президенти нахустини ин кишвар Татяна Каримова, сарвазир Абдулло Орипов бо муовинонаш, роҳбарон ва кормандони вазорату ташкилотҳо, намояндагони парламент ва ҷомеаи Узбекистон ширкат карданд.

Муаллифи ин тандис пайкарасоз Илҳом Ҷабборов аст, ки муҷассамаи истиқлолият ва инсондӯстиро дар майдони Мустақиллик ва пайкараи Амир Темурро дар маркази пойтахти Узбекистон сохтааст.

Добавить комментарий