Истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон то оғози соли 2019 ба 190 ҳазор тонна мерасад. Бино ба иттилои Вазорати саноат  ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯз 4-5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.

Дар соҳаҳои истеҳсол ва истихроҷи ангишт дар кишвар 12 корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 200 корхона  ангиштро ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Дар соли 2014 дар кишвар зиёда аз 870 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Дар соли 2015 ин нишондиҳанда аз 1 млн. тонна зиёд буда,  1,4 миллион тонна ангишт дар соли 2016 ва 1.7 миллион тонна дар соли 2017 истихроҷ карда шуд.

Нигора Саидбекова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here