Субҳи имрӯз, 22-юми январ, соати 09:33 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд.

Дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 3-4 баллро ташкил додааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз гуфтаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар километри 10-уми самти шарқи Душанбе ҷойгир буда, шиддати он дар маркази заминларза 4 баллро ташкил додааст.

Добавить комментарий