Холо ба мо хабар расид, ки як зодаи ноҳияи Кушониёни  вилояти Хатлон  баъд аз таркиши субҳи рӯзи 31-уми декабри соли 2018, дар  бинои 10 ошёнаи шаҳри Магнитогорски Русия пайдо ва  ба бемористон фиристода шудааст.

Ин зодаи Тоҷикистон, ки Шуҳрат ном бурда мешавад,  бо зану 3 кӯдакаш дар ҳамин бино истиқомат мекардааст. Аз зану фарзандони ин ҷавони 27-солаи вилояти Хатлон ҳоло ягон хабар нест. Гуфта мешавад, ки ҷустуҷӯ дар ин самт идома дорад.

Ба иттилои расида дар ин бино, ки таркиш ба амал омад, боз як оилаи дигар аз Тоҷикистон низ зиндагӣ доштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here