Имрӯз бахшида ба 30-солагии хурӯҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо ширкати муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ, фармондеҳони қисмҳои низомии дар Панҷакентбуда, комиссари коммисариати ҳарбӣ, устодону хонандагони мактабҳои шаҳр ҷамъомад доир гардид.

Пас аз гузоштани гулчамбар бар пояи лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанги Афғонистон, ҳамоиш дар қисми низомии 07150-и Вазорати мудофиа, мустақар дар шаҳри Панҷакент, баргузор шуд.

Муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ дар баромади хеш аз корнамоиву мардонагиҳои ҷавонони тоҷик дар ҷанги Афғонистон ёд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шаҳру деҳоти Панҷакент дар ҷангҳои Афғонистон 262 нафар ширкат карда, 6 нафар кушта шудаанд.

Хуршед Фозилов

Добавить комментарий