Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки соли 2019-ум чортои он тамоман фаъолият накардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи мазкур Сайид Ёқубзод хабар дод.

— Омили фаъолият накардани онҳо фарсудагии таҷҳизот, набудани ашёи хом ва дигар сабабҳо аст, — гуфт раис.

Корхонаҳое, ки фаъолият накардаанд, инҳо ҶДММ «Тоҷик Хайлӣ» , ҶДММ «Сафо»,  ҶДММ «Эмма», «Файзи Ҷомӣ» ва «Гулвар» мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳия се коргоҳи истеҳсолии хишти сементӣ ва 17 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ бо 456 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 124 миллиону 716,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 16 миллиону 687 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Добавить комментарий