Соли 2018 дар ноҳияи Носири Хусрав аз тарафи сокинон 80 ҷиноят содир шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 11 ҳолат зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи мазкур Садридинзода Нуриддин гуфт, ки кушодашвии ҷиноятҳо аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар ноҳия 100 дарсадро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷиноятҳои ба қайд гирифта 47 ҳолат дар самти кофтукови ҷиноӣ, нисбати соли 2017-ум 10 ҷиноят зиёд, 5 ҷинояти вазнин, 1 ҳолати таҷовуз ба номус, 8 ҳолати дуздӣ, 29 ҳолати ҷинояти қалобӣ нисбати соли гузашта 16 ҷиноят зиёд ва 3 ҳолати авбошӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Носири Хусрав дар ин давра 2 ҳодисаи худкушӣ, ки 1 ҳолати он аз тарафи ноболиғ содир гардидааст, ба қайд гирифта шудааст.

Зикр карда шуд, ки баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз тарафи кормандони  шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар ноҳия ва дигар сохторҳои марбута корҳои фаҳмондаҳӣ пурзӯр карда шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here