Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон давоми 4 моҳи соли равон 44 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шарвандии ноҳияи Дӯстӣ Н. Муҳаммдалӣ қайд кард, ки бештари оилаҳо бо ҳалномаи суд ҷудо шуданд. Дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 70 дарсади оилаҳои ҷудошударо ҷавонон ташкил медиҳанд.

– Омилҳои пошхӯрии оилаҳо, ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, хушунати хонаводагӣ, дахолати шахсони сеюм ва дигар омилҳо мебошанд, – илова кард ӯ.

Манбаъ зикр кард, ки дар чор моҳи соли равон дар ноҳия 4 нафар кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат бештар аст.

Добавить комментарий