Дар нақби Орлови вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон ду нақбкан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ширкати нақбкани KAZ Minerals иттилоъ медиҳад. Ба иттилои ширкат, се коргар рӯзи 2 декабр дар ҳолати беҳушӣ пайдо шуданд.

Табибон замоне ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки ду тан аз коргарон вафот карда буданд. Коргари сеюм дар бемористон бистарӣ шуд. Вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад.

Ширкат сабабҳои беҳуш шудани коргаронашро шарҳ намедиҳад. Комисияи махсус сабабҳои беҳушшавии коргаронро меомӯзад.

Нақби Орлов, ки ба корхонаи «Востоксветмет» рабт дорад, дар ноҳияи Бородулихини вилояти Қазоқистон Шарқӣ ҷойгир аст. Аз нақби мазкур мис истехроҷ мешавад.

Добавить комментарий