Аз чунин имконият ҳамаи онҳое метавонанд истифода баранд, ки рӯзмарра тавассути метро худро аз як минтақаи шаҳри Тошканд ба минтақаи дигари он мерасонанд.

— Чунин тарзи истифодаи интернет ройгон ва пулакист. Онҳое, ки аз тариқи ройгон мехоҳанд вориди интернет шаванд, мебояд дар телефонҳои ҳамроҳ ва ноутбукҳояшон иҷрои баъзе шартҳоро бипазиранд. Дар ҷадвалҳои хос иҷрои ҳамаи ин шартҳо равшану возеҳ барои мусофирон нишон дода шудаанд, — мегӯяд директори ширкати “Метротелеком”-и Тошканд Олимхон Олимов.

Ба гуфтаи директор ҳадафи асосии ҷорӣ кардани интернет дар метрои Тошканд беҳбуди шароити робитаи сокинону меҳмонони шаҳр ва сайёҳони хориҷӣ мебошад. Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик мусофирон метавонанд дар дохили метро низ аз интернет истифода баранд.

Чанд сол муқаддам дар дохили метро аксбардорӣ, сӯҳбат бо телефон ва истифодаи интернет комилан ғайриимкон ва мамнӯъ буд. Дар се соли охир имкон фароҳам шуд, ки дар дохили истгоҳҳои метро тавассути телефонҳои ҳамроҳ одамон аксбардорӣ кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори хоси “Фараж”, Тошканд

Добавить комментарий