Дар деҳаи Субҳи мавзеи Фахробод, воқеъ дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии Асадуллои ноҳияи Хуросон дайри буддоии зеризаминӣ пайдо гардид, ки он тақрибан ба давраи Ҳайтолиёни асрҳои 5-6 мутааллиқ буда, масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Шакли он ба хонаҳои зеризаминии давраи буддоӣ монанд буда, мардуми маҳаллӣ онро ермасҷид меноманд.

Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби китобдор ва омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Элёр Ахмедов ба унвонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ маълумот дар бораи ин бозёфт расидааст. Аз ҷониби Институт гурӯҳи бостоншиносон фавран таҳти роҳбарии олими маъруфи соҳа, доктори илмҳои таърих, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ба ноҳияи мазкур сафарбар гардидаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносӣ маълум гардидааст, ки воқеан дар ин мавзеъ дайри буддоии зеризаминӣ мавҷуд буда, он тақрибан ба давраи Ҳайтолиёни асрҳои 5-6 мутааллиқ мебошад. Масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Дохили бино аз санги яклухт бунёд гардида, сақфаш гунбазӣ аст. Он аз боло равзана дошта, таҳкурсияш шакли чалипоро ва аз чор сатҳ равоқ дорад. Равзана аслан барои даромадани рӯшноӣ мусоидат менамояд.

Дар мавзеи мазкур феълан корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Добавить комментарий