Дирӯз, 26-уми май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки он имкон дорад дар як шабонарӯз 150-200 таҳлил анҷом диҳад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков хабар дод, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

— Хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд, — илова кард ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Нурулло Бояков афзуд, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштанд.

— Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар  ин ташхисгоҳ ба кормандони мо тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд, — илова кард манбаъ.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here