Имрӯз дар нишасти хабарии сардори  Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон Солеҳзода Искандар гуфт, соли гузашта теъдоди шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ коҳиш ёфтааст.

Инчунин, сардори Раёсат афзуд, ки ду нафар сокини ноҳияи Вахш аз хориҷи кишвар ба хоҳиши худ баргаштаанд ва бояд рӯзи 6 феврали соли 2019 боз як нафари дигар баргардад.

Нигаронии Солеҳзода дар нишаст аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавон буд. Ба гуфти ӯ, дар соли гузашта 42 ҳолати ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст.

Ҳамчунин сардори Раёсат аз роҳбандии нақлиёт дар назди бозори Фаровони шаҳри Бохтар изҳори ташвиш карда афзуд, ки барои баратарф кардани ин мушкил, бояд таваққуфгоҳи васеъ ташкил карда шавад.

Гуфта шуд, дар як соат беш аз 3500 нақлиёт ба шаҳри Бохтар ворид мегардад ва ин боиси роҳбандии нақлиёт мегардад. Инчунин, дар шаҳри Бохтар роҳҳои мошингард ҳамчун таваққуфгоҳ истифода мешаванд, ки ба гуфти сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар Набиҷон Исозода, ҳамаи ин таваққуфгоҳҳо иҷозатномаи фаъолият доранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here