Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавсими пахтачинӣ оғоз гардида, кишоварзон ният доранд, ҳосили онро ба пуррагӣ ҷамъоварӣ кунанд.

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, ки имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон чиниши пахта оғоз гардидааст. Ҳосили пахта тибқи мушоҳидаҳо назаррас буда, пахтакорони вилоят азм доранд, ки дастранҷашонро беталаф ҷамъоварӣ карда, нақшаи ба зиммадоштаашонро бо сарбаландӣ иҷро кунанд.

Дар вилояти Хатлон, тибқи нақша, имсол  дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар пахта кишт карда шудааст, ки аз он  кишти пахта, ки зери плёнка гузаронида шудааст, 8 ҳазору 879 гектарро ташкил медиҳад.

Соҳаи пахтакорӣ дар вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои сердаромад буда, имрӯз кишоварзон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим тавваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, сол то сол майдони кишти онро васеъ мекунанд.

Пахтакорони вилояти Хатлон имсол ният доранд, аз майдони  беш аз 122 ҳазору 400 гектар пахтазор зиёда аз 250 ҳазору 300 тонна тилои сафед ҷамъоварӣ кунанд.

Добавить комментарий