Дар вилояти Хатлон сохтмони 1000 адад  иншоот, ки солҳои пеш сохтмонашон оғоз гардида буданд, бо саббаи маблағгузорӣ нашудан “ях бастааст”.

Сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Раҳматулло Худойназаров зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки бо сабаби маблағгузорӣ нашудан ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 1000 иншоот мавқуф гузошта шудааст.

Манбаъ гуфт, сохтмонҳои яхбаста муасссисаи таълимӣ дар ноҳияи Ҷайҳун барои 620 хонанда (оғози сохтмон соли 2007), муасссиаи таълимии ноҳияи Кушониён барои 320 хонанда (оғози сохтмон 2011), сохтмони муассисаи таълимии шаҳри Леваканд барои 210 хонанда, сохтмони маркази вилоятии ташхиси қалб дар ш.Бохтар (оғози сохтмон 2010), сохтмони бинои МИҲД ноҳияи Панҷ (оғози сохтмон 2012) ва садҳо сохтмони дигар дар вилояти Хатлон мебошанд, ки кор дар онҳо оғоз гашта буд, вале бо сабаҳои маблағгузорӣ нашудан корҳо мавқф шуданд.

Ӯ гуфт: “Мо дар соли 2019 нақша дорем, охтмонҳое, ки ба зиммаи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон аст, онҳоро оғоз намоем ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода диҳем”.

Аз шуъбаи моариф ноҳияи Ҷайҳун ба мо хабар доданд ки дар ҳақиқат сохтмони бинои маткаб таъхир кардааст ва дару тирезаҳои сохтмонро ба яғмо бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Ҷайҳун беш аз 10 мактаб дар се баст кор мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here