Лигаи футболи Тоҷикистон, ки масъули баргузории мусобиқаҳои футбол дар кишвар аст, иттилоъ медиҳад, ки замони баргузории вохӯриҳои даври нимфинали Ҷоми футболи Тоҷикистон ба вақти дигар гузаронида шудаанд.

Ин тасмим бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби мамлакат дар бозиҳои Ҷоми тиллоии Бангабанду дар Банғола будааст. Вақти баргузории бозиҳои нимфинали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 21 октябр муқаррар шудаанд.

Ба ҳамин тартиб, бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бо бозии дастаҳои “Истиқлол” — “Душанбе-83” ва “Хуҷанд” — “Регар-ТадАз”, ки рӯзи баргузориашон 14 ва 15 октябр муайян шуда буд, ба 17 октябр гузаронида шуд.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо 21 октябр сурат мегирад.

Дар зимн, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар финали Ҷоми тиллоии Бангабанду дар Банғола аз дастаи Фаластин бо натиҷаи 3:4 мағлуб шуд. Қисмҳои асосӣ ва қисмҳои иловагии бозӣ бе задани гол анҷом ёфтаннд. Ҳарчанд бозигарони тоҷик аз дақиқаи 36-ум бо ҳайати кам бозӣ мекарданд, аммо имкони голзанӣ доштанд. Дар ин дақиқа сарвони даста Фатҳулло Фатҳуллоев барои вайрон кардани қойидаи бозӣ аз майдон ронда шуд. Кор то ба задани пеналтӣ кашид ва дарвозабони Фаластин тавонист, ки ду зарбаи футболбозони тоҷикро баргардонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here