Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад 108 синфхонаи иловагӣ ва як мактаб барои 640 хонанда бунёд мешавад.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур Хайрулло Шоҳимардонзода гуфт, ки аз ин шумора то имрӯз наздики 20 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, айни замон дар дигар синфхонаҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамоати шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор аз ҳисоби соҳибкор Х. Низомов бунёди мактаби сеошёна барои 640 хонанда идома дорад.

— Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021» таъмиру навсозиӣ ва сохтмони 36 муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз он алакай бунёд ва  таъмир шудаанд, — гуфт номбурда.

Мудир гуфт, дар ин баробар талош доранд, зиёда аз 80 муассисаи таълимии ноҳияро бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатманд барои соли нави хониш пурра омода кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here