Имрӯз  дар бӯстонсарои ҳукуматии “Кохи Сомон” дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори  худ оғоз кард

Пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад.

Барои иштирок дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе омадаанд.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар доираи СҲШ дар бар мегирад.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шӯрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ мекунанд.

Роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирон) як қатор қарорҳоро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созмон, аз ҷумла тасдиқ намудани буҷаи он барои соли 2019 ва Изҳороти муштарак қабул мекунанд.

Сипас ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои нозир ва шарик дар муколамаи СҲШ сурат мегирад.

Раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад.

Добавить комментарий