Дар ду бозори бузурги шаҳри Маскав шаби 11-уми март рейдҳо гузаронида шуда, дар ҷараёни он даҳҳо нафар муҳоҷир боздошт шудаанд. Дар ин бора “Интерфакс” иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рейди мазкур баъди муноқишаи гуруҳӣ дар маркази савдои «Москва», ки рӯзи 7-уми март бо истифода аз корду силоҳи оташфишон рух дода буд, рабт дорад.

Мақомоти полиси Маскав дар маҷмааи савдои “Москва” дар Люблино ва бозори яклухтфурӯшии “Садовод” санҷиш доир намудааст, ки дар натиҷа даҳҳо муҳоҷирро боздошт намудаанд.

Рейди кормандони полис соати 3-и шаби 11-уми март оғоз гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, баргузории санҷишҳо ба муноқишаҳои рухдода байни муҳоҷирон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта вобаста буда метавонад.

Гуфта мешавад, даст доштани муҳоҷирони боздоштшуда дар содир шудани як қатор ҷиноятҳо ва ҳамчунин риояи тартиботи будубоши онҳо дар Русия мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои ғайорирасмӣ, дар бозорҳои “Садовод” ва “Люблино” то 4-5 ҳазор муҳоҷири тоҷик машғули коранд.

Добавить комментарий