Имсол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз рӯи 15 ихтисос донишҷӯ қабул мекунад. То ин замон танҳо аз рӯии 8 ихтисос қабул ва ба роҳ монда шуда буд.

Ректори Донишкадаи мазкур Назарзода Хайрулло дар нишасти хабариаш афзуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба Донишкада имкони дохил шудани 586 донишҷӯ дар назар аст.

Ба иттилои ӯ, соли таҳсили гузашта ин маконро 443 донишҷӯ хатм карданд, ки аз ин теъдод танҳо 7 нафараш сазовори дипломи аъло гардиданд.

— Дар Донишкада ҳамагӣ 9 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ки аз онҳо як нафараш соҳиби дипломи олӣ гаштааст.

Имрӯз дар Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон 2 ҳазору 50 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки соли гузашта 8 нафари онҳо бо сабаби саривақт ба дарсҳо ҳозир нашуданашон аз сафи донишҷӯён хориҷ шудаанд.

Добавить комментарий