Дар Донишкадаи идоракунии давлатии кишвар шумораи духтарон кам буда, қисмати зиёди онҳоро писарон ташкил медиҳанд. Дар ин бора дирӯз зимни нишати хабарӣ ректори донишкада Абдухалил Ғаффорзода иттилоъ дод. 

“Дар донишкада мутобиқи нақшаи таълимӣ дар бакалавриат ва магистратура аз рӯйи панҷ ихтисос таълим ба роҳ монда шудааст ва шумораи умумии донишгҷӯён дар маҷмӯъ 1921 нафарро ташкил мекунад, аз ҷумла, 1412 нафар писар, 509 нафар духтар, ки аз онҳо 428 нафар тибқи буҷа ва 1493 нафар тибқи шартнома таҳсил мекунанд”, — иброз дошт ректори донишкада.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар факултети идоракунии давлатӣ 617 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз инҳо 213 нафарашон духтарон ҳастанд. Дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ 463 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 146 нафар духтар таҳсил мекунанд.

Аз рӯйи ихтисоси “идораи давлатӣ” ва “идоракунии ҳайати кадрӣ” 567 нафар (92 нафар духтар) таҳсилро идома медиҳанд. Дар донишкада аз рӯйи ихтисоси “амнияти компютерӣ” 45 нафар (11 нафар духтар) ва “идораи давлатӣ” 161 нафар (35 нафар духтар) таҳсил доранд.

Добавить комментарий