Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шумораи догишҷӯёни хориҷӣ ба 100 нафар расидааст. Зимни нишасти хабари ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммад Шодиён гуфт, бештар дар ин макон донишҷӯёни аз кишварҳои Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон таҳсил мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маъмурияти донишгоҳ тасмим дорад, сафи донишҷӯёнро аз хориҷа, ба хусус аз Узбекистон, зиёд намояд.

Ҳамчун гуфта шуд аз тарафи кормандони донишгоҳ гуруҳи корӣ ташкил карда, ба ин кишвар барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби онҳо ба донишгоҳ сафар хоҳем кард.

Дар ин баробар барои азхудкунии забонҳои хориҷи омӯгорон аз Русия ҷалб хоҳанд шуд.

Ҳоло дар дар ДДБ ба номи Носири Хусрав 17 ҳазору 771 нафар донишҷу ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9535 нафараш дар шуьбаи рӯзона таҳсил мекунанд.

Мушкилии асосии донишҷӯёни ин  макон надоштани хобгоҳ аст, зеро айни замон барои беш аз 400 нафар хобгоҳ сохта шудаасту халос. Ин дар ҳолест, ки шумораи донишҷуён рӯзона ва ғоибона дар донишгоҳ 17 ҳазори 771 нафаро ташкил медиҳад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here