Имрӯз, 21-уми январ, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумат оғоз гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда мешаванд. «Ховар» хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид кард, ки соли 2018 дар маҷмӯъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 ҳисоботи сарвазири Қоҳир Расулзода низ шунида мешавад.

Добавить комментарий