Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 27 деҳа солҳост аз истифодаи нерӯи барқ ба пурраги маҳруманд. 
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабари Раҷабалӣ Бояков сармуҳандиси ҶСК Шабакаҳои барқи ҷанубӣ хабар дод.
«Сабаби таъмин набудани 27 деҳа дар ин минтақаҳоро дурии онҳо аз назди хатҳои интиқоли барқ, кам будани шумораи аҳолии онҳо мебошад»,- илова кард номбурда.
Ба гуфти ӯ, дар охири соли 2018 як деҳа дар ноҳияи Хуросон, ки аз соли таъсисёбиаш бо барқ таъмин набуд, бо барқи доимӣ таъмин карда шуд. Дар оянда 27 деҳа бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, ӯ илова, ки қарзи ташкилоту идораҳо дар назди шабакаҳои барқи ҷанубӣ ба 252 милиион сомонӣ баробар шудаст, ки аз он 79 миллионаш аз аҳолӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here