Рӯзи 18-уми август дар ноҳияи Деваштич як зан бо гумони даллагӣ дастгир шудааст, ки мехост ду нафар сокини Кӯлобро бо ҳам «ошно» кунад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони даллагӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 17-уми августи соли равон, тахминан соати 09:00, дар ҳудуди шаҳраки Ғончӣ шаҳрвандон, марди 35-сола ва зани 40-солаи сокинони шаҳри Кӯлобро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҳамдигар шинос карда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад.

Добавить комментарий