Дар муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» раиси иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Литва Дайнюс Радзиявичус барои журналистон ва роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио, воситаҳои ахбори электронӣ ва чопӣ дарси маҳоратро дар мавзӯи “Истифода аз имконоти ВАО барои рушди базаи моддиву техникӣ ва эҷодии журналистика” доир намуд.

Дайнюс Радзиявичус фарқиятҳои журналистикаи даврони Иттиҳоди Шӯравиро аз имрӯза номбар намуд ва гуфт, ки яке аз фарқиятҳое, ки дар даврони Шӯравӣ вуҷуд надошт, ин гуногунрангӣ дар журналистика буд.  

“Имрӯз дар журналистика гуногунрангӣ вуҷуд дорад ва ин гуногунрангӣ фарқиятест, ки имрӯз вуҷуд дораду дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ набуд”, — гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ иброз намуд, ки дар Шӯравӣ журналистика ба чанд намуд тақсимбандӣ мешуд.

“Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ се намуди журналистика вуҷуд дошт. Ин журналистикаи расмӣ ба мисли рӯзномаҳои “Комсомолская правда”, “Пионер” ва дигарон ба он шомил буданд. Дуюм, ин журналистони махфӣ (подпольное) ва сеюм журналистоне буданд, ки пас аз ба даст овардани Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 40-ум ба Аврупо рафтанд ва дар он ҷо рӯзномаву маҷалла, радио ва телевизионҳои худро ташкил намуданд, ки хеле хавфи калон дошт”.

Ба ақидаи ӯ, ин хушбахтист, ки имрӯз чунин намудҳои журналистика нест ва танҳо ба сифатноку бесифат тақсим мешаванд. 

— Хушбахтона, имрӯз дар Литва чунин гуруҳҳои журналистика вуҷуд надоранд ва лозим ҳам нестанд. Имрӯз танҳо гуруҳҳои журналистикаи сифатнок ва бесифат амал мекунанд ва бо он фарқ мекунад, ки дар замони мустақилият журналистон ва ВАО ба тарзҳои гуногун ба сифат баҳогузорӣ мекунанд, — қайд кард раиси иттифоқи журналистони Литва.

Добавить комментарий