Маросими видоъ ва ҷанозаи рӯзноманигори шинохта Султон Ҳамад имрӯз, 7-июн, пас аз намози ҷумъа дар масҷиди маҳаллаи Саховати шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маросими видоъ хешу табори марҳум аз навоҳии кишвар, пайвандон, ҳамқаламон ва нафароне, ки ӯро мешинохтанду қадр мекарданд, ширкат доштанд.

Писари марҳум Ҷаҳонгири Султон гуфт, падарашро дар қабристони маъруф ба “Сари Осиё”-и шаҳри Душанбе дафн хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки қалби журналист ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Султон Ҳамад  асри рӯзи гузашта, 6-уми июн, дар синни 67-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Пайвандони марҳум дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, моҳи ноябри соли равон, пас аз ташхис, огоҳ шудаанд, ки падар ба бемории саратони меъда гирифтор будааст.

Cултон Ҳамад 3 апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 хатм намудааст.

Соли 2007 ду китоби дигари ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашриёти «Деваштич» ва китоби дигари ӯ таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.

Дар соли 2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри дуввуми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро ба чоп расиданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ- дӯсти Худо» (дар нашриёти “Истеъдод”) ва «Дар пайраҳаи нур» (дар нашриёти “Муаттар”) соли 2013 чоп шудаанд.

Ғолиби озмуни журналистони ҷумҳурӣ дар бахши «Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ», ки аз сӯи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2004 созмон ёфта буд, мебошад. Барандаи ҷойизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода аст. Дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Китобҳои дигари ӯ «Сулҳ ҳадяи Худо буд», «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», «Босмачӣ хоин буд ё ватанхоҳ?», «7+33=Сулҳу оштӣ» (Шарҳу тафсири чил мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), «Афғонистон баъди Толибон», «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат», «Лаби дарёи Ому» (Аз дафтари назм) омодаи нашр буданд.

Устоди шодравон аз рӯзи аввали таъсис ёфтани ҳафтаномаи “Самак”- нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, аз муаллифони доимии он ба ҳисоб рафта, то лаҳзаи охири умр бо он ҳамкорӣ дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here