Бо нишони эҳтиром ба ҳамаи табибони қаҳрамон, ки барои наҷот додани ҳаёти ҳазорон бемор ҷони худро зери хатар гузошта, фаъолияташонро пеш мебаранд, Бонки Эсхата дар се минтақаи ҷумҳурӣ иқдоми хайриявӣ баргузор кард. Ин иқдом бо мақсади дастгирии табибон ва пешгирии сирояти COVID-19 дар байни онҳо гузаронида шудааст, зеро, табибон дар хати сурх қарор доранд ва хатари сироят ёфтан аз вирус барои онҳо бештар аст.

— Табибони мо саломативу зиндагии худро зери хатар гузошта, дур аз пайвандону наздиконашон, шабонарӯзӣ навбатдорӣ кардаву бо ин беморӣ мубориза мебаранд, ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то беморон худро ҳимояшаванда ҳис намудаву ба воҳима дода нашаванд ва дар якҷоягӣ бо табибон барои ҳаёташон мубориза баранд. Бонки Эсхата сипосгузории амиқи худро изҳор менамояд ва самимона мехоҳад, ки системаи тандурустӣ ин бемориро мағлуб созад. Мо орзумандем, ки ба зудӣ ҳам табибон ва ҳам беморон ба зиндагии аввалаи худ ва хонаводаҳои худ баргарданд, — гуфт сардори бахши маркетинги Бонки Эсхата Маъруфҷон Латипов.

Ба маблағи 100 000 сомонӣ беш аз 450 маҷмӯи либоси махсус ва муҳофизати шахсӣ харида шудааст. Ин кумак ба беморхонаҳо, клиникаҳо, шуъбаҳои таъҷилии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва як қатор беморхонаҳои минтақаҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шудааст. Намояндагони Бонк дар якҷоягӣ бо Бунёди хайриявии “Ормон” дар марказҳои қабули беморони COVID-19 ба табибон таҷҳизоти муҳофизати шахсиро супориданд. Дар навбати худ, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба Бонки Эсхата ва Бунёди “Ормон” барои эътибор ва дастгирӣ ба онҳо изҳори сипос карданд.

Бонки Эсхата ба Фонди хайриявии “Ормон” барои ин ташаббус ва мусоидат ба Бонк дар баргузории чорабинии хайриявӣ изҳори сипос мекунад.

Табибони азиз, ҳамшираҳои шафқат, кормандони тиббии техникӣ, ба шумо барои қаҳрамонӣ ва далерӣ барои кори бузурге, ки шумо баҳри беҳбудии саломатии миллат мекунед, аҳсан мегӯем!

Бонки Эсхата ба шумо руҳияи болида ва ба ҳамаи беморон шифои комилро таманно менамояд!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here