Ширкати Tcell дубора иқдоми бузурги “Соли нави бунафш”-ро оғоз мекунад. Бобоҳои барфии бунафшранг дар моҳи декабри соли гузашта дар саросари кишвар қалбҳои ҳама пиру барнову атфолро тасхир карданд.

Бобоҳои барфии бунафшранг он замон дар ҳама ҷо ҳузур пайдо карданд: онҳо дар бузургтарин шаҳрҳои кишвар сайру гашт доштанд, сари чанбараки нақлиёти мусофиркаш буданд, меҳмони арчаҳои солинавӣ шуданд ва албатта ҳадяҳои солинавӣ тақдим карданд!

Бобои барфии ҳақиқиқии бунафшранг аз Tcell барои истиқболи хотирмон аз соли нави мелодии 2020 бармегардад! Бобои барфӣ дар мавзеҳои серодами шаҳр пайдо шуда, дар кӯчаҳои марказӣ ва боғҳо сайру гашт мекунад, ба фурӯшгоҳҳои бузург ва албатта ба бозорҳо меравад.

Маълумот дар бораи макони пайдошавӣ ва мавзеъи ҳузури Бобои барфиро аз cаҳифаи расмии Тсеll дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда метавонед.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзи “Бобои барфии ҳақиқӣ   Бунафшранг аст” -ро бигӯед. Ҳар касе тезтар Бобои барфиро пайдо карда, рамзро ном мебарад, Бобои барфӣ ба ӯ тӯҳфа – “Солонаи бемаҳдуд 2020”-ро тақдим менамояд!

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хидматрасонии “Солонаи белимит 2020”-ро барои худу наздиконатон аз даст надиҳед.

Добавить комментарий