Тибқи маълумоти ахире, ки CNBC дар такя ба ҳисоботи мутахассисон нашр кардааст, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав бо андешидани чораҳои беҳдоштӣ ба коронавирус ғолиб омадаанд.

— Дар ваазъияти имрӯза, ки ҷаҳон гирифтои буҳрони шадиди иқтисодӣ шудааст, Австралия, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ бо маром ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд, — навиштааст CNBC.

Лағви маҳдудиятҳо ва аз ҳолати қарантинӣ баромадан, ин кишварҳоро ба мамлакати осоиштае барои сармоягузорӣ табдил дода, дигаргунии мусбате ба иқтисодиёти онҳо ворид сохтааст. Аз ин рӯ, арзиши пули миллии ин кишварҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here