Рӯзи 3-юми апрели соли равон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чорабинии илмӣ оид ба «Тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мушовири миллӣ оид ба тағйирёбии иқлими БРСММ дар Тоҷикистон Владимир Кошеев, роҳбари лоиҳаҳои UNDP оид ба тағйирёбии иқлим Наргизахон Усмонова ва котиби дуюми Сафорати Русия дар Тоҷикистон Кирилл Хандогин  иштирок карданд.

Чорабиниро Бегматов Зуҳурбек бо шогирдонашон бо муваффақият гузарониданд ва сазовори таҳсини мехмонон гардид.

Дар рафти чорабинӣ мактаббачагон сабабҳои тағйир ёфтани иқлимро дар такя ба маълумотҳои илмӣ иброз доштанд. Онҳо ба 5 гуруҳ тақсим шуда, ҳар гуруҳ оид ба обанборҳо, пиряхҳо, обҳои маъданӣ, дарёҳо ва кӯлҳо маълумоти кофӣ пешниҳод карданд.

Таҳмина Юсупова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here