Дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Осиёи Марказӣ   ворид шуд, вазъи ҳаво дар ҷумҳурии мо чанд рӯзи охир ноустувор гардидааст. Дар натиҷаи паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Файзобод    борон ба барфи тар мубаддал гардидааст. 

Бино ба иттилои сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева,   инчунин  гузариши борон ба барф дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. 

«Ворид гардидани ҳавои сард аз тарафи Урал сабаби пастшавии дамои ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ шуд ва дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳиҳои тобеи марказ ҳаво то 10-15 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ  паст фаромад.   Инчунин, дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ  борон ба барф мубаддал гардид. Чунин вазъи ҳаво барои моҳи октябр   ғайримуқаррарӣ нест, зеро солҳои қаблӣ низ чунин вазъи ҳаво ба қайд гирифта шуда буд», — мегӯяд Ҷ. Байдуллоева.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 11-12 октябр  дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ карда мешавад ва эҳтимолии каму беш баландшавии дамои ҳаво дар назар  аст. 13 октябр  боз дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сард дар ҷумҳурӣ бориш дар назар буда, эҳтимол дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ    борон ба барф мубаддал гардад.

Акс аз вазъи ҳавои дирӯзи Файзобод

 

Добавить комментарий