Дирӯз қуръакашии даври финалии Чемпионати ҷаҳонии футбол-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) баргузор шуд. Дастаи наврасони футболбози Тоҷикистон, ки ба ин финал роҳ ёфтааст, ба гурӯҳи “Е” шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Аргентина, Испания ва Камерун бозӣ мекунад.

11 июл дар қароргоҳи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) дар Сюррих (Швейтсария) маросими қуръакашии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) баргузор шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки навҷавонони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Аргентина, Испания ва Камерун гурӯҳи “Е” қувваозмоӣ мекунанд.

Дар қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим шуданд. Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ, ки даври плей-офф аст, роҳхат мегиранд.

Чемпионати 18-уми ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар чор шаҳри Бразил – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояниа – баргузор мешавад.

Натиҷаи қуръакашии чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17):

Гурӯҳи «А»: Бразил, Канада, Зеландияи Нав, Ангола.

Гурӯҳи «В»: Нигерия, Маҷористон, Эквадор, Австралия.

Гурӯҳи «С»: Ҷумҳурии Корея, Ҳаитӣ, Фаронса, Чилӣ.

Гурӯҳи «D»: ИМА, Сенегал, Ҷопон, Нидерланд.

Гурӯҳи «Е»: Испания, Аргентина, Тоҷикистон, Камерун.

Гурӯҳи «F»: Ҷазираҳои Соломон, Италия, Парагвай, Мексика.

Наврасони кишвари мо дар даври аввал 28-уми октябр бо Камерун бозӣ мекунанд. 31-уми октябр дар даври дуюм футболбозони мо бо ҳамсолонашон аз Испания вомехуранд. Дар даври ниҳоӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов муқобили Аргентина ба майдон мебароянд.

Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика доир мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here