Дирӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон ин навбат ҳамсолони афғонистонии худро ноком карданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) заданд.

Дар бозии дигари давр Эрон ба дарвозаи Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.

Футболбозони ҷавони кишвар дар даври дуюм бо Туркманистон бозӣ карданд ва дар ҳоле, ки дар аввали бозӣ бо натиҷаи 0:1 мағлуб мешуданд, дар вақти боқимонда ба дарвозаи ҳариф 5 гол заданд ва пирӯзӣ ба даст оварданд..

Имрӯз, 13-уми август, дар даври чорум Эрон бо Афғонистон (соати 17:00), Тоҷикистон бо Узбекистон (20:00) вомехуранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Добавить комментарий