Журналисти шинохта Аҳмадшоҳ Комилзода дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дод, ки дар маҳаллаи Гагарини Душанбе, дуртар аз обанбори шаҳр, таваққуфгоҳ барои мошинҳои зуболакашонӣ (ахлот) оғоз ёфтааст.

Вай ба шаҳрнишинон муроҷиат карда менависад, ки дар паҳлуи истгоҳи охирини автобусҳои хатсайри 18, 1 ва микроавтобусҳои хатсайри 67, 17 воқеъ дар маҳаллаи Гагарини пойтахт дар баробари истгоҳи ин воситаҳои нақлиёт сохтмони ДЭУ барои мошинҳои ахлоткаш оғоз шудааст ва бояд пеши роҳи ин сохтмон гирифта шавад.

«Ҳамарӯза шумораи зиёди автобусҳо дар ҳавлии маҳаллаи мо ҷамъ мешаванд, рафтуомад мекунанд, роҳу гузаргоҳҳои ҳавлии маҳалларо банд карда, садои доду фарёд, дашному лафзи қабеҳи ронандагону масъулон ба гӯши сокинон мерасад. Аз набудани шароити маишӣ, чун оби ошомиданиву ташноб ошхонаву ҷойи дамгирии ронандагон чиркину касиф шудааст. Ба болои ин дар ҳамин маҳали паҳлуи истгоҳ – дар майдони ҳавлиҳои мо ва девори обанбори шаҳр, ки ҳамагӣ 20-30 метрро ташкил медиҳад, сохтмони ДЭУ барои мошинҳои ахлоткаши шаҳр оғоз шудааст. Ин майдон барои бунёди боғи ҷавонон пешбинӣ шуда буд. Як моҳ пеш қисмати аввали ин боғи зебои бошукӯҳ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд, ки боиси ифтихори мардуми маҳал аст. Вале дар паҳлуи ҳамин боғи бошукӯҳ, обанбори оби ошомидании шаҳр, муҷтамаи фароғатӣ, боғчаи бачагон, майдони мардуми маҳал, истгоҳи автобусу микроавтобусҳо ва даҳҳо хонаи истиқоматӣ – ҷабран сохтани ДЭУ барои мошинҳои бадбӯйи ахлоткаш мушкили навест барои сокинони маҳал. Ин мошинҳо, ки хеле касифу бадбӯй ҳастанд, миллиёнҳо микроб хориҷ мекунанд, атрофро бӯйи ғализ фаро гирифта, микробҳо ба оби обанбор ҳамроҳ мешаванд. Имрӯз садои даҳшатбори мошинҳои пуриқтидор, гирудори сохтмони комплексҳои калонҳаҷми оҳанӣ оғоз мешавад. Ин масъала метавонад дар оянда барои мардуми шаҳр ва ҳукумат низ мушкилот пеш биёрад. Дирӯз дар паҳлуи дарвозаи ҳавлиҳои мо ҷаноби Шариф Самеъ – раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раиси лоиҳа бо чанд тан аз ҳамроҳонаш рӯйи курсиҳо такя заданд ва пешхидматон барои оғози кори сохтмон палав пухтанд. Он кас барои оғози сохтмон фотиҳа доданд», — менависад Комилзода.

Дар идома вай аз гузашта мисол оварда, тақдири сохтмони корхонаи сементро гӯшрас мекунад: «Солҳои 70-уми асри гузашта як гурӯҳ рӯшанфикрон ба сохтмони корхонаи семент дар ин минтақа мухолифат карда буданд, вале ҳокимони худхоҳи он солҳо ҷабран ин корхонаро дар дохили шаҳр бунёд карданд. Акнун ҳар рӯз садҳо тон гарди сафеди семент ба рӯйи ҳавливу хона, барги дарахтону асбоби рӯзгор рехта, ҳавои шаҳрро ифлос мекунад. Коре, ки дар маҳаллаи Гагарин мекунанд, такрори ҳамон каҷравии солҳои 70-ум аст».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here