Дар маркази шаҳри Леваканд аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ  сохтмони 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардидааст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ шаҳри Леваканд Мансур Юсуфов гуфт, ки санги асоси биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо иштироки раиси шаҳр Зарина Давлатзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода гузошта шуд.

Ба иттилои ӯ раиси вилоят дар ин сафари корииаш бинои маъмурии адлия, ки  дар марзаки шаҳр бо харҷи 1 милиону 350 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати адлияи кишвар бунёд ёфта буд, ифтитоҳ кард.

Зикр шуд, ки дар доираи таҷлили ҷашни умумимиллии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканд то се соли оянда бунёди беш аз 100 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудаанд. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ сохтмончиён ва бинокорони варзидаи маҳаллӣ ҷалб шуда, мутахассисон аз маҳсулоти аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯ ба талаботро дар иншооти бунёдшаванда истифода мекунанд.

Добавить комментарий